Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Муқовимат шуруъ шуд? Кушта шудани чанд толиб* дар навори Панҷшер

Дастикам 10 ҷангии ҳаракати Толибон* тайи ду рӯзи гузашта дар шаҳру вулусволиҳои мухталифи Афғонистон кушта шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Ин ҳам рақами таъйидшудаи теъдоди кушташудаҳои ин ҳаракат дар шаҳри Кобулу вилояти Парвон аст. Дар дигар даргириҳо чӣ теъдоде аз онҳо ба ҳалокат расидаанд, дақиқ нест.
Манобеъи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дирӯз, 27 август, дар шаҳри Ҷабалуссироҷи вилояти Парвон, бар асари даргирӣ миёни Толибон* ва хезишҳои мардумии таҳти фармони Муқовимат 6 толиб кушта ва як мошини “Ренҷер” – и онҳо аз байн бурда шудааст.
“Ин нерӯҳои ба соҳаи Санҷан омада буданд, ки дар навори Панҷшер аст, омада буданд. Як ҷанг миёни онҳо ва муҷоҳидини марбути мо ба вуқуъ пайваст. Толибон* шикаст хӯрданд”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, аз чунин даргириҳо дар вулусволиҳои Андароб ва Хусту Фиринги вилояти Бағлон низ гузориш мешавад, ки дар пайи даргирӣ бо нерӯҳои Муқовимат Толибон* шикаст хӯрда, талафоти ҷонӣ низ ба ҷой гузоштаанд. Аммо омори дақиқ аз ин талафот дар даст нест.
Толибон ваъда доданд, ки тоҷиконро ба Ҳукумат шомил мекунанд
Ин дар ҳолест, ки як рӯзи қабл, 26 август, дар баробари инфиҷорҳое, ки дар фурудгоҳи шаҳри Кобул иттифоқ афтоданд, дар ду минтақаи он – соҳоти Пули сӯхта ва Кампанӣ низ ду даргирӣ иттифоқ афтода буд.
Тибқи маълумоти мувассақе, ки манобеъи Sputnik Тоҷикистон ба даст доданд, дар ҳамла ба як “Ренҷер” – и Толибон* дар Пули сӯхта 4 ҷангии ин ҳаракат ба ҳалокат расидаанд. Аз даргирие, ки дар соҳаи Кампанӣ рух додааст, тафсилоти бештар вуҷуд надорад ва теъдоди талафоти он низ маълум нест. Аз даргириҳои хурду реза дар вулусволиҳои Беҳсуди вилояти Майдон Вардак ва Дараи Суфи Болои вилояти Самангон низ иттифоқ афтодааст, ки то ба ҳол тафсилоташ дастраси Sputnik Тоҷикистон нашудааст.
Қаблан Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ҳушдор дода буд, ки дар ҳоли роҳандозӣ нашудани музокироти сулҳ сари ба вуҷуд овардани як ҳукумати ҳамашумул дар саросари кишвар як муқовимати миллӣ алайҳи Толибон* ба вуҷуд меояд.
Амруллоҳ Солеҳ: Толибон бо ДИИШ робита доранд
Фаҳим Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дирӯз, 27 август, як ҳайате аз Толибон* барои музокироти сулҳ ба дараи Панҷшер омад.
“Имрӯз ҳам қарор аст, як ҳайати мо бо Толибон* дар Чоряккор, маркази вилояти Парвон, бо онҳо мулоқот кунад”, - гуфт Фаҳими Даштӣ.
Ҳайатҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва таҳрики Толибон* бори аввал сари мизи музокирот нишастанд 25 август дар шаҳри Чоряккор бори аввал ҳайатҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва “Толибон” мулоқот карда, ба ин натиҷа расида буданд, ки ба мавозеи ҳамдигар ҳамла накунанд. Аммо бино ба гузоришҳо, Толибон* дар ҷойҳое талош мекунанд, ки пешравӣ намоянд.
* - созмони террористие, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст