Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ ба Данғара рафтанд: чаро?

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ба ноҳияи Данғара рафтанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотӣ раисҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳамроҳ бо Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар ноҳияи Данғара комплекси агросаноатии мурғпарварии корхонаи “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Себистон нахуст бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти инкубатори корхона оғоз бахшид.
манбаъ иттилоъ додааст, ки барои сохтмони инкубатор дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғара 1 гектар замин ҷудо гардид. Ин калонтарин инкубатор дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави “Алюмин Проф”-ро ифтитоҳ кард
“Иқтидори солонаи барориши чӯҷа дар инкубатор зиёда аз 5 миллион сарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3 миллион сарро ба мурғхонаи комплекси парандапарварии “Мармарӣ” барои парвариш таҳвил медиҳанд. Чӯҷаҳои боқимондаи корхона барои таъмини дигар мурғхонаҳои кишвар бо чӯҷаҳои хушзоти гӯштӣ пешниҳод мегарданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон зикр шудааст, ки таҷҳизоти корхона аз ширкати бонуфузи Чин “ИАЙ Фарминг” (EI Farming) харидорӣ шудааст, ки дар бозорҳои давлатҳои Аврупо ва Осиё мавқеи назаррасро ишғол менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ баъди ифтитоҳи бинои инкубатор дар деҳоти Себистон фабрикаи парандапарварии мурғи гӯштии комплекси агросаноатии мурғпарварии корхонаи “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки ҳудуди мурғхона бинои маъмурӣ, 12 фермаи парвариши паранда, 4 анбор, бинои санитарӣ, 2 минтақаи коркарди санитарии техника ва обанбор сохта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода cе мактаб ифтитоҳ кард
Қайд карда мешавад, ки дар ҳар як ферма то 30 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад ва давраи парвариш 45 рӯзро дар бар мегирад.
“Бо истифода аз иқтидори ҳамаи мурғхонаҳо имкон аст дар як сол зиёда аз 3 миллион сар мурғ парвариш карда шавад. Маблағи умумии сармояи ба бунёди корхона ҷалбгардида 104 миллион сомониро ташкил дода аст”, - хабар додааст манбаъ.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар фермаҳо таҷҳизоти муосири ширкатҳои аврупоӣ ва хитоӣ насб гардидаанд, ки аз хатҳои хӯрокдиҳӣ, обдиҳӣ, равшанидиҳӣ, гармидиҳӣ ва ҳавотозакунӣ иборат мебошанд.
Зикр карда шудааст, ки фаъолияти мурғхонаи нав мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумат бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шудааст.