ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар ҳоле ки бонкҳо ва ниҳодҳои байнулмилалӣ кумакҳои молиявиро ба Афғонистон қатъ карданд, гурӯҳи Толибон*дар ихтиёри худ барои идора кардани кишвар ҳамагӣ 1,6 миллиард доллар доранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ду даҳсолаи охир қариб 80 дарсади буҷаи Афғонистон аз ҳисоби Амрико ва созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешуд ва ҳоло ин маблағҳо масдуд шудааст.
Ҳафтаи гузашта Сандуқи Байналмилалии Пул эълом дошт, ки дастрасии Афғонистон ба манобеи молӣ, аз ҷумла 370 миллион долларе, ки қарор буд, то охири моҳи равон ба ҳукумати Афғонистон дода мешуд, қатъ карда шудааст.
Мақомоти Амрико ҳам эълон кард, ки дороиҳои дороиҳои Бонки марказии Афғонистон дар Амрико барои Толибон* дастрас нахоҳад буд. Тибқи иттилои расонаҳо ва мансабдорони ҳукумати собиқи Афғонистон, тақрибан 9,5 миллиард доллар дороиҳои Бонки марказии Афғонистон дар бонкҳои ИМА баста шудаанд.
Олмон ҳам, ки яке аз бузургтарин ҳомиёни молии Афғонистон буд, имсол 500 миллион доллар кумакҳояшро ба ин кишвар лағв кард. Иттиҳодияи Аврупо, ки гуфтааст дар чор соли оянда ба Афғонистон 1,4 миллиард доллар кумак хоҳад кард, ин барномаро мутаваққиф кардааст.
Бекор кардани ин хайрияҳо кори Толибон*-ро душвортар хоҳад кард ва ба зиндагии шаҳрвандони Афғонистон бевосита таъсири манфӣ хоҳад гузошт.
Тибқи иттилои Кумитаи имдоди байналмилалӣ, тақрибан 18,4 миллион афғонистонӣ ба кумаки башардӯстона ниёз доранд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон