ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия воксини навро барои пешгирии коронавирус ба қайд гирифтааст, бармеояд аз феҳрасти дорувориҳои сабтшуда дар кишвар.
"ЭпиВакКорона-Н" воксини панҷуми зидди COVID-19 мебошад, ки дар кишвар сабт шудааст. Ихтироъгарони ин дору олимони маркази "Вектор" мебошанд.
Таҳиягарони воксин мегӯянд, ин дору аз ҳамтоёни қаблияш бо "бархе махсусиятҳои технологияи истеҳсол" фарқ мекунад.
Воксин дар заминаи антигенҳои пептидӣ барои пешгирии COVID-19 омода шудааст.
Таъкид шудааст, ки "ЭпиВакКорона-Н" барои афроди синни аз 18 то 60-сола тавсия дода мешавад. Барои занони ҳомила ин дору истифода нахоҳад шуд.
Феълан дар Русия воксингузаронии оммавӣ ҷаараён дорад. Дар муассисаҳои тиббии кишвар чор намуди воксин - "Спутник V", "ЭпиВакКорона", "КовиВак" ва "Спутник Лайт"дастрас мебошад.