ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дастёри вазири умури хориҷаи Эрон аз омодагии Теҳрон барои баргузории нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Сайид Расули Мусавӣ, мудири кулли ғарби Осиёи Вазорати умури хориҷаи Эрон ахиран дар саҳифаи твиттериаш навишт, ки дидори ахири вазирони умури хориҷаи Эрон ва Покистон муҳим буд.
“Дар ин дидор нақшаи роҳе барои ояндаи равобити ду кишвар дар ҳамаи заминаҳои дуҷонибаву минтақаӣ аст”, - навиштааст ӯ.
Ҳамчунин Мӯсавӣ афзуд, ки Эрон аз пешниҳодӣ вазири хориҷаи Покистон дар хусуси нишасти вузарои хориҷаи ҳамсоягони Афғонистон истиқбол ва омодагии худро барои баргузории он дар Теҳрон эълом кард.
Шоҳ Маҳмуди Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон ба манзури дидору гуфтугӯ бо Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон ва дигар мақомоти Эрон ахиран вориди Теҳрон шуд.