Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд аз Русия чархболу силоҳи бештар харанд

"Рособоронэкспорт" аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон барои хариди чархболҳо ва системаҳои амнияти сарҳадӣ дархост гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Русия аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бораи таҳвили чархболҳо, силоҳи оташфишон ва системаҳои амнияти сарҳадӣ дархостҳои нав гирифтааст, гуфт директори генералии ширкат Александр Михеев дар доираи форуми "Армия-2021" ба РИА Новости.
"Мо аллакай як қатор дархостҳоро аз кишварҳои минтақа барои таҳвили чархболҳои русӣ, яроқи оташфишон ва системаҳои муосири амнияти муосири сарҳадӣ кор карда истодаем", - гуфт ӯ дар посух ба ин суол, ки оё кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари бад шудани авзои аф-онистон аз Русия яроку аслиха дархост мекунанд ё хайр.
Михеев таъкид кард, ки "Рособоронэкспорт" омода аст ба шарикони Русия дар Осиёи Марказӣ барои вокуниши муносиб ба таҳдидҳои пайдошуда кумак кунад ва онҳоро бо силоҳ ва техникаи зарурии ҳарбӣ барои ҳифзи аҳолӣ ва истиқлолият таъмин намояд.
Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон хостори хариди аслиҳа аз ҷумла АК 200 - и Русия шудааст.
Авоили моҳи август, ҷангҷӯёни Толибон* ба шаҳрҳои бузург ҳуҷум карданд.
Навгониҳои соҳаи ҳарбӣ дар Тоҷикистон
Толибон* рӯзи 15 август вориди пойтахт шуда, кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд ва 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расид ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик муайян хоҳад шуд.
Ягона вилояте, ки аз назорати онҳо берун аст, Панҷшер дар шимолу шарқи Кобул боқӣ мондааст, ки аз ҷиҳати масоҳат ва аҳолӣ яке аз хурдтарин минтақаҳои кишвар аст.
Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, ки "барои пешгирии қатли ом" кишварро тарк кардааст.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Ҳамла намекунем”: мулоқоти аввали Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон*
Ҳама гузаргоҳҳои сарҳадии Афғонистон таҳти назорати Толибон* мебошанд. Интиқоли кормандони хориҷӣ ва афғонҳое, ки барои намояндагиҳои хориҷӣ кор мекунанд, тавассути ягона фурудгоҳи Кобул, ки дар ихтиёри артиши ИМА ва дигар кишварҳои НАТО қарор дорад, сурат мегирад.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.