ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Дар Боғи фароғатӣ-фарҳангии шаҳри Турсунзода, муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Ин боғ дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода бо ширкати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба баҳрабардорӣ расид.
Боғ дар масоҳати 3,6 гектар аз ҷониби соҳибкорони шаҳр бозсозӣ шудааст.
Дохил ва роҳравҳои боғ бо гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ сабзазор гардонда шуда, барои хуррамгардонӣ бештар аз 200 бех дарахти ороишӣ, 10 ҳазор гулҳои доимӣ ва 60 ҳазор мавсимӣ шинонда шудаанд.
Дар дохили боғи нав қасри шоҳмот, амфитеатр бо 7 мағозаи фурӯши армуғон ва ҳунарҳои мардумӣ, шаҳраки афсонаи "Аладдин" бо 12 аттраксион, ҳайкалчаҳои ҳайвонот, зиёда аз 200 таҷҳизоти равшанидиҳанда, нишастгоҳҳо, ду майдончаи варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст ҷойгир карда шудаанд.
Инчунин дар инҷо лавҳаи ташрифи меҳмонони олиқадр ба шаҳри Турсунзода, қаҳрамонони меҳнат, ошхонаи миллӣ, 3 нуқтаи бозӣ ва ҳавзи шиноварии кӯдакона бунёд ёфтаанд.