ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Ҳенриетта Фор, директори иҷроияи Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) хабар дод, ки созмон расондани ёрии башардӯстонаро ба Афғонистон, ки тақрибан 10 миллион кӯдак ба он ниёз дорад, идома хоҳад дод, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”.
“Уҳдадории мо ба кӯдакони Афғонистон бетағйир боқӣ мондааст ва ҳадафи мо ҳифзи ҳар як кӯдаки афғон аст. ЮНИСЕФ ҳоло ва дар вақтҳои наздик дар ҷойи худ боқӣ хоҳад монд”, - таъкид дошт ӯ.
Вай илова кард, ки имрӯзҳо, тақрибан 10 миллион кӯдак дар Афғонистон барои зинда мондан ба кумаки башардӯстона ниёз дорад.
“Тахминан 1 миллион кӯдак давоми соли равон бо норасоии шадиди ғизо дучор мешавад ва метавонад бидуни табобат бимирад”, - гуфт Фор.
Вай илова кард, ки аз рӯйи ҳисобҳо, тахминан 4,2 миллион ҷавони афғон ба мактаб намеравад, ки беш аз 2,2 миллиони онҳо духтаронанд.
Ҳамзамон, аз моҳи январ намояндагони СММ беш аз 2000 ҳолати вайрон намудани ҳуқуқи кӯдаконро дар ин кишвар ҳуҷҷатгузорӣ кардаанд.