ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ ба Эммануэл Макрон барои ташаббусаш ҷиҳати муҳокимаи муносиботи ду кишвару масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори сипос намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳомн нигаронӣ кардааст, ки Афғонистон имрӯз бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ дар кишвар дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад.
Зикр гардид, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.
"Таъмини амнияти кафолатдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳимтарин шарти рушди минбаъдаи устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳоямон мебошад", - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Макрон.
Раҳмон ва Макрон мувофиқа кардаанд, ки барои идомаи машваратҳо дар масъалаҳои Афғонистон, ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.
Вазъ дар Афғонистон баъди ғасби қудрат аз сӯи Толибон* шиддат гирифта, нерӯҳои зиддитолиб дар Панҷшер, таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ҷамъ омадаанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар