Бозкушоии бонкҳо пас аз 10 рӯз дар шаҳри Кобул

Да шаҳри Кобул барои аввалин бор пас аз даҳ рӯз бонкҳо бозкушоӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Хабаргузории Sky News хабар додааст, ки бароири аввалин бор пас аз тасаруфи шаҳри Кобул пойтахти Афғонистон тавасути Толибон (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия) бозкушои шуд.
Аз замони тасаруфи пойтахт тавасути Толибон* дар 15 август, бонкҳои Кобул дар тӯли ин муддат кор намекарданд.
Дар баробари ин, тавре ки шабакаи телевизионӣ хабар додааст, дар ҳоли ҳозир бонкҳо тавоноии додани миқдори зиёди пулро надранд.
СММ аз хатари гуруснагӣ дар Афғонистон гуфт
Аксҳое, ки тавасути шоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст, нишон медиҳанд, ки чигуна мардум дар бонкҳо саф кашидаанд.
Ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия) дар сурати пайдо шудани мушкил мардумро бо чӯб лату кӯб мекунанд.