Бишкек бо Толибон* дар тамос аст: посухи вазири қирғиз дар мавриди эътирофи ҳукумати нав

Қирғизистон дар масъалаи эътирофи Ҳукумати нави Афғонистон баъди ташкилаш тасмим хоҳад гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Бишкек бо намояндагони Толибон* дар Афғонистон тамос барқарор кардааст, изҳор дошт Руслан Қазақбоев, вазири умури хориҷии Қирғизистон.
"Дар ҷараёни берун овардани шаҳрвандони Қирғизистон аз Афғонистон сафорати мо дар Кобул бо намояндагони Толибон* тамос барқарор карданд. Тайи ҳафта мо беш аз 24 шаҳрванди Қирғизистонро аз Афғонистон берун овардем", - изҳор доштаст Қазақбоев дар суҳбат бо РИА Новости.
Ба гуфтаи вазир, эътирофи ҳукумати ҷадид дар Афғонистон танҳо баъди ташкили комили он баррасӣ хоҳад шуд.
"Мо умед дорем, ки ниҳодҳои нави идораи давлатӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ бо иштироки тамоми қавму гуруҳҳои ин кишвар ташкил хоҳанд шуд", - таъкид намуд Қазақбоев.
Ҷангҷӯёни Толибон* тайи тобистони соли равон босуръат марзу марказҳои Афғонистонро ишғол намуда, 15 август вориди Кобул шуданд ва 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар хотима ёфт.
Вазири Покистон ба Душанбе меояд: Ӯ даъват ба музокира бо Толибон* дорад
Феълан ягона минтақаи берун аз тасаллути Толибон* Панҷшер мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ дар он ҷо ҷамъ омада, иддао доранд, ки дар сурати розӣ нашудани ҷангиёни Толибон* ба ташкили як ҳукумати ҳамашумул, онҳо то охир мубориза хоҳанд бурд.
Мақомдорони Русия мегӯянд, дар сурати ҳал нашудани қазияи Панҷшер тариқи музокирот эҳтимоли сар задани ҷанги нави шаҳрвандӣ дар ин кишвар ҷой дорад.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар