ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Вакили рус, роҳбари ҳизби Либераливу демократии Русия Владимир Жириновский дар саҳифааш дар Телеграм вазъи сиёсии Осиёи Марказиро то соли 2030 пешбинӣ кардааст.
Сиёсатмадор гуфтааст, ки бо далели ғасби ҳукумат аз ҷониби толибон (ҳаракати экстремистии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ва бесуботии давлатӣ Афғонистон бо Покистон мепайвандад.
Жириновский таъкид кардааст, ки зиёдшавии шумораи гурезаҳо ҷанги шаҳрвандиро ба тамоми ҳудуди Осиёи Марказӣ мекашонад.
"Он ҷо боз гурезаҳо пайдо мешаванд, ки ба шимол ҳаракат мекунанд. Аммо Русия касеро ба ҳудудаш ва на тариқи ҳудудаш ба Ғарб, ба Аврупо роҳ намедиҳад", - изҳор доштааст вакил.
Сиёсатмадор афзудааст, ки аз ҳисоби гурезаҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2030 дар шароити қашшоқӣ қарор мегиранд ва аз Русия хоҳиш мекуннад, ки ҳудудашонро ба ҳайъати Русия шомил кунанд, то амнияташон таъмин шавад.
Аммо, тавре қайд мекунад Жириновский, Русия мавқеи эҳтиёткоронаро хоҳад гирифт ва як қатор кишварҳоеро, ки бо далели пароканда шудани кишвари дигаре ташкил гардиданд, эътироф хоҳад намуд. Аммо ҳудудҳои навро ба ҳайъаташ бо далели маҷрои зиёди гурезаҳо ва иқтисодиёти фалаҷгашта қабул нахоҳад кард.