ВКД – и Тоҷикистон аз садамаи пурқурбонӣ хабар дод

Вазорати корҳои дохила аз ҳалокати се нафар дар як садами нақлиётӣ, ки дар ноҳияи Қубодиён рух додааст, хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, садамаи маргбор санаи 20-уми августи соли равон дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Т.Сангини ноҳияи Қубодиён рух додааст.
Гуфта шудааст, ки дар натиҷаи ин садамаи нақлиёти се шаҳрванд ба ҳалокат расидааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, як сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Т.Сангини ноҳияи мазкур, аз ӯҳдаи идора кардани автомашина набаромада, ба канори роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Чоршанбиев дучори садама шудаст - аксҳо
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин садамаи даҳшатнок ронанда ва як мусофири мошин, ки ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ВКД илова кардааст, ки боз як мусофири дигар ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳоли ҳозир ба иттилои ВКД-и Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.