Толибон*: ҳайат барои музокира ба Панҷшер равон шуда аст

Сухангӯи гурӯҳи Толибон* гуфтааст, ки ҳайатеро барои мулоқот бо Амруллоҳ Солеҳ ба вилояти Панҷшер равон намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Суҳейл Шоҳин, сухангӯи Толибон гуфт, ки онҳо як ҳайатеро барои баррасии вазъи ин вилоят ба Панҷшер фиристодаанд, то ки бо Амруллоҳ Солеҳ ва дигар бузургони Панҷшер мулоқот намоянд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Қаблан Толибон* эълом доштанд, ки Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон ва муовини аввали раисҷумҳур Амруллоҳ Солеҳро афв кардаанд. Роҳбарони ин гурӯҳ гуфтанд, ки агар ин афрод хоҳанд метавонанд ба Ватан баргарданд.
Раҳбари Толибон* гуфт: "Миёни Толибон* ва Ашраф Ғанӣ, Амруллоҳ Солеҳ ва Ҳамдулло Моҳеб (мушовири амнияти миллӣ) ҳеҷ хусумате вуҷуд надорад".
Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сарпарсти вазорати иттилоот ва фарҳанг, низ зимни таъиди муҳосираи вилояти Панҷшер таъкид кард, ки ин гурӯҳ талош дорад масъаларо аз тариқи мусолиматомез ҳалл намояд.
Дар Панҷшер чӣ гап аст? иддаои Толибону* изҳороти нерӯҳои муқовимат
Муҷоҳид гуфт, ки шоҳроҳи Саланг низ барои ҳаракати нақлиёт боз аст ва таъкид кард, ки Толибон* "талош доранд мушкилро бо роҳи сулҳ ҳал намоянд".
Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон, ба тозагӣ эълом кардааст, ки барои сулҳ бо Толибон ва ташкили ҳукумати мушорикатӣ тамоил дорад аммо таҳмили рӯз ва истифода аз силоҳро намепазирем.
Толибон* эълом кард, ки ҳамаи мақомдорони давлати собиқи Афғонистон аз ҷумла Ашраф Ғаниро афв кардаанд ва ба онҳо итминон додаанд, ки метавонанд баргарданд ва дар Афғонистон зиндагӣ кунанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар