ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон хабар додааст, ки дар натиҷаи як тавофуқ, бо намояндагони гурӯҳи Толибон барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна иқдомоти хушунатомез, озор ва азият алайҳи ин афрод 150 шаҳрванди Афғонистон ба хости худашон ба Ватани худ бозгардонда шуданд.
Ҳамчунин вазорати хориҷаи Ӯзбекистон навиштааст, ки тибқи иттилои паноҳҷуёне, ки ба Афғонистон бозгаштанд, пас аз анҷоми иқдомоти ташрифотии расмии лозимӣ алайҳи онҳо, ба онҳо иҷоза дода шуд ба хона бираванд ва акнун дар амнияти комил дар канори хонаводаҳои худ қарор доранд.
Ҳамзамон вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон таъкид доштааст, ки тайи чанд рӯзи ахир 1982 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ аз тариқи Ӯзбекистон аз Афғонистон хориҷ шудаанд .
Гуфта шудааст, ки ҳангоми будубоши кӯтоҳмуддат дар қаламрави Узбекистон, шахсоне, ки аз Афғонистон берун оварда шуданд, бо риояи тамоми чораҳои қатъии карантинӣ ҳама гуна кӯмаки зарурӣ расонида мешаванд ва баъд аз он ҳамаи онҳо бидуни таъхир ба кишварҳои таъинот фиристода мешаванд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар