“Шумо моро мешиносед”: Аҳмад Масъуд ба раҳбари Толибон* чӣ гуфт?

Аҳмад Масъуд, раҳбари муқовимати милии Афғонистон бо Амирхон Муттақӣ, аз раҳбарони аршад ва собиқ вазири фарҳанги Толибон* суҳбат кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Ин суҳбат дирӯз, 22 август, тариқи телефон баргузор шуда, Аҳмад Масъуд аз дафтари муқовимат дар Панҷшер ва Амирхон Муттақӣ аз Кобул суҳбат кардаанд.
Яке аз мушовирини Аҳмади Масъуд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, раҳбари Толибон* аз омири ҷавони муқовимат хостааст, ки силоҳро канор гузошта, сари мизи музокирот нишинанд ва ҷанги ӯ бо Толибон* маъно надорад.
“Аҳмад Масъуд гуфт, мо тарафдор ин ҳастем, ки бинои як Афғонистон озод, мустақил ва мураффаҳро бигузорем, ки аз тариқи гуфтугӯ ва тафоҳум ба даст омада метавонад. Аммо агар масъалаи зӯр ва ҷанг бошад, шумо моро мешиносед. Ман писари ҳамон падар ҳастам, ки барои дифоъ аз сарзамин ва мардум то сарҳади фидо кардани ҷонаш пеш рафт”, - гуфт ӯ.
Масъуд музокироташ бо Толибонро* дар мавриди ҳукумати оянда шарҳ дод
Амирхон Муттақӣ дар ҷараёни гуфтугӯ мегӯяд, ки ҳар гоҳ даст аз муқовимат бардорӣ ҷону молат дар амон хоҳад буд, ҳеҷ касе ба дороӣ, сарват, мулкият ва хонаҳоят дар Кобул таарруз нахоҳад кард ва ҳамаи онҳо ба саломат бароят таслим дода хоҳанд шуд.
“Ман дар Кобул мулкият ва сарват надорам, падарам низ сарвату мулкияте надошт. Як хона аз падаркалонам ба мерос мондааст, ки он ҳам марбути ҳама хонаводаи мо мешавад”, - гуфтааст Аҳмад Масъуд.
Дар маҳаллаи Кортаи сеюми Кобул ҳавлии бобои Аҳмад Масъуд вуҷуд дорад, ки то забти ин шаҳр аз сӯи Толибон* Дафтари сиёсии Аҳмад Масъуд ба ҳисоб мерафт. Дар ин манзил айёми мактабхонии падари ӯ – Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, низ гузаштааст.
Амирхон Муттақӣ дар идомаи суҳбат бо лаҳни мулоим ва ишораҳо ба Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки муқовимат алайҳи Иморати исломии Толибон* суде надорад, зеро онро кишварҳои қавӣ пуштибонӣ мекунанд ва ҳам ин ҳаракат аз лиҳози низомӣ таҷҳизоти пешрафтаву модернро дар ихтиёр дорад. Раҳбари муқовимати Афғонистон мегӯяд, нерӯҳои ӯ низ ба таври кофӣ муҷаҳҳаз буда, аз ҳама муҳим, ангеза ва руҳияи ҷангии онҳо хеле қавӣ аст.
“Дар муқовамати мо шак надошта бошед. Мо барои Панҷшер на, балки барои Афғонистони озод ва боварҳову арзишҳои худ хоҳем ҷангид”, - гуфтааст Аҳмад Масъуд .
Нерӯҳои муқовимати Афғонистон ҳаракати Толибон* – ро як гурӯҳи ниёбатие унвон мекунанд, барои манофеъи пуштибонони хориҷии худ меҷанганд ва мехоҳанд ин кишварро ба пойгоҳи бузурги созмонҳои террористӣ табдил диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи Толибон* хабар додаанд, ки барои ишғоли Панҷшер як нерӯи чандинҳазорнафараро бо силоҳу тӯпу тонк эъзом кардаанд. Аммо аз шурӯъи ҷангҳо барои ин дара иттилоъе нест.
Солеҳ: Толибон* ба дарвозаи Панҷшер расиданд
Тайи 30 соли ахир ин бори дуввум аст, ки Толибон* барои ишғоли Панҷшер талош мекунанд.
Бори аввал соли 1996 дар замони зуҳури аввалашон дар Афғонистон онҳо ба дарвозаҳои ин дара наздик омада, аз сӯи нерӯҳои муқовимат таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд, падари Аҳмади Масъуд шикаст хӯрда буданд ва тайи шаш соли ҳукумати худ натавонистанд онро ишғол кунанд.
Панҷшер дар ҳоли ҳозир танҳо вилояти Афғонистон аст, ки аз сӯи Толибон* ишғол нашудааст. Бақия 33 вилояти дигари ин кишвар тайи ду моҳи ахир пурра таҳти сайтараи ин гуруҳ қарор гирифтаанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар