ДУШАНБЕ, 23 авг – Sputnik. Русия азми дахолат ба ҳаводиси Афғонистонро надорад, изҳор дошт сухангӯи президенти Русия, Дмитрий Песков.
Ба гуфтаи Песков, қазияи Панҷшер метавонад ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Афғонистонро дар пай дошта бошад.
“Имрӯз дар ҷаласаи СААД чунин раванди ҳаводис ва эҳтимоли ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Афғонистон баррасӣ шуд, ки хатару таҳдидҳои иловагӣ дорад”, - таъкид кард ӯ.
Песков таъкид намудааст, ки “нияти дахолат ба ин ҳаводисро надоранд”. Чунин бархӯрд ҳамчунин дар мавриди расондани кумак ба роҳбари нерӯҳои муқовимати Панҷшер, Аҳмад Масъуд низ таъкид шудаст.
Толибон* ахиран эълон карданд, ки ҷангиёнро дар марзи Панҷшер ҷамъ овардаанд чу роҳбарони музофот ихтиёран додани назорати минтақа ба дасти ҷангиёни ин ҳаракатро рад намуданд.
Дар ҳамин ҳол мақомдорони Толибон* бо тасдиқи таҷаммӯи ҷангиёнашон дар атрофи Панҷшер изҳор медоранд, ки хоҳони ҳалли қазия тариқи гуфтушунид мебошанд.
Аҳмади Масъуд эълон кард, ки тарафдори бинои як Афғонистони озод, мустақил аз тариқи гуфтугӯ ва тафоҳум аст, аммо Толибон* пешниҳодҳои ҷониби муқовиматро рад мекунанд.
"Аммо агар масъалаи зӯр ва ҷанг бошад, шумо моро мешиносед. Ман писари ҳамон падар ҳастам, ки барои дифоъ аз сарзамин ва мардум то сарҳади фидо кардани ҷонаш пеш рафт", - изҳор доштааст Масъуд.
Феълан вазъ дар минтақа ташвишзо боқӣ монда, аз наздикиҳои Панҷшер иттилои зиддунақиз дар шабакаҳо ва расонаҳо нашр мегарданд.
* - созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар