ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Аҳмад Масъуд мегӯяд, ташкили як ҳукумати ифротӣ аз ҷониби Толибон* қобили қабул нест.
Ӯ дар суҳбат бо нашрияи Asharq Al-Awsat омодагияшро барои ҳамкорӣ бо Толибон* дар мавриди ташкили Ҳукумати оянда баён дошт.
"Мо омодаем бо Толибон* ҳукумати ҳамашумулро бо роҳи музокирот ташкил кунем. Он чизе ки қобили қабул нест, ин ташкили як ҳукумати ифротӣ мебошад", - изҳор доштаст Масъуд.
Ӯ афзудааст, ки ташкили ҳукумати тундгаро аз сӯи Толибон* на танҳо хатар барои Афғонистон, балки барои тамоми минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон, мегӯяд, намояндаи дафтари сиёсии Толибон* аз дипломатҳои рус хостааст, паёми сиёсияшонро ба Панҷшер расонанд.
Ба гуфтаи сафир, Толибон* аз Русия хостаанд, ба роҳбарони Панҷшер расонанд, ки то ҳол аъзои ин созмон ягон талоши бо зурӣ ворид шудан ба вилоятро накардаанд.
“Толибон* бар инанд, ки масъларо бо роҳи сулҳомез, тариқи созиши сиёсӣ ҳал кунанд”, - афзудааст Жирнов.
Панҷшер ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* аст, ки нерӯҳо таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд дар он ҷамъ омада, таъкид мекунанд, ки алайҳи зӯргӯиҳои ҷангиёни Толибон* мубориза хоҳанд бурд. Нерӯҳои Панҷшер ҷонибдорияшонро аз низоми исломии муътадил баён дошта, таъкид мекунанд, ки қудрат бояд дар дасти ҳукумати ҳамашумул бошад.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар