Тоҷикистон қаламрави худро барои транзит зимни интиқол аз Афғонистон пешниҳод кардааст

Ҳамин пешниҳодро даҳ кишвари дигар, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ ироа кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тоҷикистон омодагии худро барои вогузор кардани қаламрави худ ҷиҳати интиқоли одамон аз Афғонистони ҳамсоя изҳор кардааст, гуфт, намояндаи Департаменти давлатии ИМА Нед Прайс.
Ҳамин пешниҳодро даҳ кишвари дигар, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ иброз доштанд.

"Баҳрайн, Дания, Олмон, Италия, Қазоқистон, Кувайт, Қатар, Тоҷикистон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Бритониёи Кабир ва Ӯзбекистон ё дар транзити амрикоиҳо ва дигар гурӯҳҳо тавассути қаламравашон иштирок мекунанд ё ба зудӣ ҳамроҳ мешаванд", - гуфт мансабдори давлатӣ.

Як рӯз пеш, бинобар изофаборӣ дар пойгоҳи ҳавоии Қатар, Иёлоти Муттаҳида маҷбур шуд парвозҳоро аз шаш то ҳафт соат қатъ кунад ва роҳҳои нави транзитро ҷустуҷӯ намояд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Қиём дар Бағлон: се вулусволии ҳаммарз бо Панҷшеру Тахор озод шуд - видео
Дар ҳамин ҳол, сухангӯй гуфт, ки нахустин парвоз аллакай дар пойгоҳи ҳавоии Рамштайн дар Олмон фуруд омадааст.
Пештар хабар дода шуд, ки Украина ва Белорус шаҳрвандони худро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон берун хоҳанд овард.