Сокинони зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби манзилҳои нав шуданд

Мақомот мегӯяд, ин гуна манзилҳо дар ноҳияи Вахшу шаҳри Кӯлоб низ ба зарардидагон дода мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг – Sputnik. Чордаҳ хонавода дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки манзилҳояшон дар паи омадани сел тахриб шуд, соҳиби манзилҳои нав гаштанд.
Дар ин бора мақомоти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар вазъияти тантанавӣ калиди 14 манзили навбунёд ба соҳибонашон, ки бар асари офати табиии моҳи май, зарар дида буданд, супурда шуд.
Маълум шуд, кай оилаҳои осебдида аз сел дар Тоҷикистон ба хонаҳои нав медароянд
Муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода, ки дар маросими манзилсупорӣ ширкат кардааст, гуфтааст, ки масолеҳи сохтмонӣ, ки дар бунёди ин хонаҳо истифода шудааст, сифати хуб дорад.
Ӯ афзудааст, ки ин гуна манзилҳо дар ноҳияи Вахшу шаҳри Кӯлоб низ ба зарардидагон дода мешаванд.
Тақдими хонаҳо ба осебдидаҳо аз офати табиӣ дар ноҳияи Ҷомӣ - акс
Дар баробари ин, сокинон бо маводи ғизоии яквақта таъмин гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар паи боришоти шадид, рӯзҳои 6-7 май дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сел омад, ки дар натиҷа 20 манзили истиқоматии сокинон пурра хароб гардид.