ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ахиран дар шаҳри Душанбе Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи муҳити зист дар суҳбат бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагол оид ба Лоиҳаи партовҳои сифрии Туркия, ки таҳти сарпарастии хонум Эмине Эрдуғон, ҳамсари президенти Туркия ба амал бароварда шудааст, мубодилаи афкор кард.
Тибқи иттилои манбаъ, сафири Туркия дар Тоҷикистон ба раиси Кумита оид ба ҷараёни иҷрои лоиҳаи “Zero Waste” (партовҳои сифр), ки дар Туркия татбиқ мешавад, иттилоъ дода, зикр намуд, ки Туркия кишварҳои дигарро ба ин лоиҳа даъват мекунад.
Эмре Зеки Карагол таъкид дошт, ки Туркия дар якҷоягӣ бо дигар шарикони байналмилалӣ омода аст ба татбиқи лоиҳаи мавриди назар дар Тоҷикистон мусоидат намояд.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумита барои ҳамроҳ шудан ба ин лоиҳа изҳори омодагӣ кард, ҳамзамон иброз дошт, ки барои омӯзиши лоиҳа гурӯҳи техникӣ таъсис дода мешавад.
Мавсуф ҳамчунин ташаббускори роҳандозии лоиҳаи озмоишӣ дар яке аз навоҳии Тоҷикистон хоҳад буд.
Ҳамзамон раиси Кумита ба сафир иттилоъ додааст, ки тибқи тартиби дохилӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳа бояд тавассути Кумита ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шаванд.
Гуфта шудааст, ки тарафҳо зимни мулоқот оид ба масъалаҳои баррасишуда ба мувофиқа расиданд.