Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Қирғизистон ҳифзи марзаш бо Тоҷикистонро таҳким мебахшад

Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон постҳои нав гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон дар пасманзари бад шудани авзои Афғонистон, дар сурати шиддат гирифтани вазъ дар марз,нақшаи чорабиниҳоро таҳия кардааст, хабар медиҳад маркази матбуоти Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ).
Ин ниҳод мегӯяд, вазъият дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро бодиққат пайгирӣ мекунад.

"Дар робита ба рӯйдодҳои Афғонистон дар қитъаҳои Қирғизистон-Тоҷикистон ва Қирғизистон-Ӯзбекистон постҳои муваққатии иловагии сарҳадӣ гузошта шуданд",-омадааст дар иттилоияи вазорат.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ "ҳамкориро бо намояндагони сарҳадии давлатҳои ҳамсоя оид ба табодули иттилооти мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, тақвият бахшид".
Ҳамчунин, нақшаи амалҳои муштарак низ таҳия ва механизми ҳамкорӣ дар сурати шиддат ёфтани вазъ дар сарҳади давлатӣ таҳия шудааст, гуфт намояндаи маркази матбуот.
Дабири Шӯрои Амнияти Қирғизистон гуфт, ки марз бо Тоҷикистон кай боз мешавад
Тавре таъкид шудааст, бо мақсади таъмини амният дар қитъаҳои марзии Қирғизистон - Тоҷикистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон дар сарҳади давлатӣ постҳои муваққатии таъсис дода шудаанд,
Хадамоти сарҳадӣ дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои қудратӣ нақшаи иктишофӣ ва амалҳои ҷустуҷӯиро анҷом медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ, дар бораи вуруди паноҳандагони афғон ба ҷумҳуриро рад кард.
Манбаъ афзуда, ки хабар дар бораи ворид шудани гурезаҳои афғон ба кишвар ягон асос надорад.