Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Толибон* ба мақомоти пешини давлати Афғонистон симатҳои вазорат пешниҳод мекунанд

Сухангӯи ҷунбиши Толибон* гуфтааст, ки ба мақомоти пешини ҳукуматҳои Афғонистон дар давлати ҷадид самтҳои вазорат пешниҳод хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Reuters, сухангӯи Толибон эълон кардааст, ки ба мақомоти собиқи ҳукумати Афғонистон дар ҳукумати нави Толибон вазифаҳои вазирӣ пешниҳод карда мешаванд.
Вазъият дар Афғонистон, бахусус дар даҳ рӯзи аввали моҳи август, вақте Толибон* ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ шадидтар карданд, бадтар шуд.
Ягона вилояте, ки Толибон натавонистанд онро ишғол кунанд, Панҷшер аст, ки дар шимолу шарқи Кобул ҷойгир аст.
Ашраф Ғанӣ дар бемористон бистарӣ шуд
Ёдрас мешавем, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* санаи 15 август вориди Кобул шуданд ва Кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат худ гирифтанд.
Ашраф Ғанӣ рӯзи якшанбе қабл аз расидани нерӯҳои Толибон* ба Кобул Афғонистонро тарк кард. Ӯ баъд аз расидан ба ҷои амн ба кишвари Аморати Муттаҳидаи Араб дар як паёмаш эълом кард, ки барои қатъи хунрезӣ кишварашро тарк кард!
Феълан Толибон* марзҳою марказҳои Афғонистонро ғасб кардаанд. Дар Панҷшер, танҳо вилояти берун аз тасаллути Толибон* нерӯҳои зиддитолиб ҷамъ омадаанду иддао доранд, ки алайҳи ин гуруҳ муқовимат хоҳанд кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар