ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Анас Ҳаққонӣ, намояндаи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон* ба ҳамроҳии чанд нафар аз аъзои дафтари сиёсии ин гурӯҳи бо Ҳомиди Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул дидор ва дар бораи масъалаҳои гуногуни Афғонистон гуфтугӯ ва ибрози назар карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ин нахустин дидору музокироти аъзои дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон* бо ин ду чеҳраи шинохтаи сиёсати Афғонистон аст.
Ахиран Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон дар нахустин нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул аз музокирот бо чеҳраҳои сиёсии Афғонистон барои ташкили давлати фарогир хабар дод.
Бояд гуфт, ки Толибон* то кунун дар бораи Шӯрои ҳамоҳангии интиқоли қудрат, муташаккил аз Ҳомид Карзай, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Гулбидин Ҳикматёр, изҳори назар накардааст.
Ёдрас мешавем, ки санаи 15 август ҳамзамон бо вуруди нерӯҳои гурӯҳи Толибон* ба шаҳри Кобул ва фирори Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон аз ин кишвар, давлати кунуни суқут кард.
Гурӯҳи Толибон* бо тасарруфи Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон поёни ҷанг дар ин кишварро эълом кард.
Ҳамакнун гурӯҳи Толибон* бар Кобул ва дигар манотиқи Афғонистон мусаллат аст.
*- созмони террористиии мамнӯъ дар қаламравӣ Русия ва Тоҷикистон