Раҳмон барои фаъолияти самаранок аз раиси вилояти Суғд қадрдонӣ кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мукофоти давлатӣ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Ахиран, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо мукофоти давлатии Тоҷикистон – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
Бояд қайд кард, ки ахиран дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорид.
Президенти Тоҷикистон, зимни супоридани мукофотҳо қайд намудааст, ки дар арафаи ҳар як ҷашн мо корҳои анҷомдодаи худро таҳлилу ҷамъбаст мекунем, хулосаву натиҷагирӣ менамоем ва вазифаҳои минбаъдаро муайяну мушаххас месозем.
Овозхонҳо унвону мукофот гирифтанд: аз Саидзода то Соҳиба ва Аловатову Назриев - аксҳо
“Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои саноат, нақлиёт, энергетика, сохтмон, бахши хусусӣ, рушди содирот, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, кишоварзӣ, рушди сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди варзиш ва идома додани татбиқи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем”, - гуфт раисҷумҳури кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зикр намуданд, ки дар амалӣ гардидани корҳои зикршуда ҳиссаи ҳар яки мақомдорон арзанда мебошад.
“Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати софдилона, хизмати содиқона ва фаъолияти созандаи ҳар шахсро ба таври шоиста қадрдонӣ мекунанд”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.