ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо роҳбари намояндагии Созмони байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Ангелика Шопп масъалаи қабули гурезаҳои эҳтимолӣ аз Афғонистонро баррасӣ кард.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ин дидор, масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо, вокунишҳо ба офатҳо, вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бар асари рӯйдодҳои охир баррасӣ шудаанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо, дар мавриди огоҳонии аҳолӣ аз хатарҳо ва таҳдидҳо, ҳамчунин омода намудани мутахассисони наҷотдиҳанда ва расонидани ёриҳои башарӣ суҳбат кардаанд.
Назарзода аз робитаҳо ва ҳамкориҳои мавҷуда, изҳори қаноатмандӣ кардааст ва ба муҳим будани истифодаи имкониятҳои ҳамкорӣ дар оянда таъкид намудааст.
Тибқи гузориши КҲФ, генерал ба хонум Шопп дар бораи офатҳои табиии охир ва корҳои анҷомдодашуда дар рафъи паёмадҳои ин офатҳо, кумакҳо аз ҷониби Ҳукумат ва шарикони байналмилалӣ маълумот додааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш масъалаи қабули гурезаҳои афғонро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу баррасӣ карданд.
Гуфта шуд, ки барои амалӣ кардани ин кор бояд барномаи вижа тарҳрезӣ шавад.
Пештар муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, Эмомалӣ Иброҳимзода гуфта буд, ки Тоҷикистон омода аст, то 100 ҳазор гурезаи афғонро қабул кунад.
Ба гуфти ӯ, паноҳандагон метавонанд дар тамрингоҳҳои вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар наздикии марз бо ҷумҳурӣ, ҷой дода шаванд.