Дар ҳаво оташ гирифт: видеои суқути даҳшатноки ҳавопаймо дар вилояти Маскав

Тибқи иттилои пешакӣ, сабаби суқути ҳавопаймо, оташ гирифтани муҳаррик будааст
Sputnik
Шоҳидон суқути як нақлиёти низомии Ил-112В дар вилояти Маскавро наворбардорӣ кардаанд.
Ҳангоми фуруд омадан дар наздикии деҳаи Николское муҳаррики ҳавопаймо оташ гирифт. Дар навор нишон дода шудааст, ки чӣ тавр Ил-112В дар тӯли чанд сония бо таш парвоз мекунад ва сипас поён фаромада, дар ҷангал меафтаду метаркад.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар дохили ҳавопаймо се узви экипаж буданд, ки ҳамагӣ ҷон аз даст доданд. Фармондеҳ халабони шоистаи озмоишӣ Қаҳрамони Русия Николай Куимов буд.
Суқути ҳавопаймои Ан-28 дар наздикии Томск: тақдири мусофирон номаълум
Маълум аст, ки пеш аз суқут ба экипаж муяссар шудааст, ки дар бораи сӯхтор хабар диҳад.
Як манбаъ ба РИА Новости гуфтааст, ки сабаби фалокат сӯхтор дар муҳаррики рост будааст. Ин версия аз ҷониби United Aircraft Corporation тасдиқ карда шуд.
Бояд қайд кард, ки Ил-112В ҳавопаймои насли нави нақлиёти сабук аст, ки онро заводи авиатсионии Воронеж истеҳсол мекунад.
Ҳавопаймо дар Амрико болои як хона сарозер шуду чанд нафарро кушт - навор
Ин насли ҳавопаймо, бояд Ан-24 ва Ан-26-ро иваз кунад.
Ҳавопаймо барои интиқол ва фуруд овардани кормандони низомӣ, силоҳ, таҷҳизоти сабук ва дигар борҳо бо вазни то панҷ тонна истифода мешавад.
Ил-112В нахустин парвози худро дар соли 2019 анҷом дода буд.