Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Намояндаи доимии Русия дар СММ: ҷангҷӯён метавонанд аз Афғонистон ба Осиёи Миёна биёянд

Русия бодиққат вазъияти Афғонистонро назорат дорад
Sputnik
Душанбе, 17 август - Sputnik. Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ, зимни ҷаласа хавфҳое, ки пас аз тағйири қудрат дар Афғонистон ба Осиёи Миёна таҳдид мекунанд, баён кард
Вай гуфт, ки Русия вазъияти босуръат тағйирёбандаи Афғонистонро бодиққат пайгирӣ дорад.
Небензя гуфт, ки Русия то ҳол аз идомаи таҳдиди террористӣ дар кишвар нигарон аст. Фаъолияти террористӣ метавонад берун аз Афғонистон паҳн ёбад ва ба ин васила ба амнияти кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ хатар эҷод кунад.
Намояндаи доимии Русия афзуд, террористон метавонанд ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд, аз ҷумла зери ниқоби паноҳандагон.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Қодиров аз Тоҷикистон хост ҳушёр бошаду аз хатари он тарафи марз ҳушдор дод
Қаблан чунин нигарониҳоро теъдоде аз коршиносон ва сиёсатшиносон, дабири кулли СПАД Станислав Зас ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баён карда буданд.
Ёдрас мешавем, рӯзи якшанбе ҷангҷӯёни Толибон* вориди пойтахти Афғонистон шудаанд.
Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангҷӯён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд.
Толибон* ҳамчунин ваъда доданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.
* - созмони террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон