Эмомалӣ Раҳмон имзо кард: ҳаҷми пули хизмат ва тартиби он маълум шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат ҳаҷми маблағи хизмат дар ҳайати захиравӣ ва тартиби гузарондани онро муайян кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ҳаҷми маблағи хизмат дар ҳайати захиравӣ муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шавад, омадааст дар қарори имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон.
Феълан ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишвар 60 сомониро ташкил медиҳад ва мутаносибан ҳаҷми пули хизмат муодили 25 ҳазору 200 сомонӣ мебошад. Хизмат тариқи пардохти пул як моҳ давом мекунад, ки маблағаш ба ҳисоби миёна 840 сомонӣ барои як рӯзи хидмат дар ҳайати захиравиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳамасола дар қонуни буҷа муайян мегардад ва вобаста ба боло рафтани ин нишондиҳанда пули хизмат низ афзоиш меёбад.
Дар тартиби хизмат дар ҳайати захиравӣ таъкид шудааст, ки вазъи ҳуқуқии чунин хизматчиён ба сарбозону сержантҳо баробар буда, аз имтиёзу кафолатҳои муқарраргардида бархӯрдор мебошанд.
Киҳо аз хизмат озод шуданд ва чаро мӯҳлати хизмат кам нашуд - шарҳи Шералӣ Мирзо
Даъвати хизматчиёни захиравӣ аз рӯи минтақаашон дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа сурат мегирад. Шаҳрвандон баъди анҷоми хизмат ба сафи нерӯҳои эҳтиётӣ шомил мешаванд.
Пули хизмат дар ҳайати захиравӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати мудофиа дар бахши хазинадории Вазорати молия гузаронда мешавад ва қабул ба хизмат дар ҳайати захиравӣ танҳо дар сурати пешпардохт имконпазир аст, бармеояд аз тартиби тасдиқкардаи Ҳукумат.
Бар асоси тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, ки аввали соли равон қабул гардид, шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи ин навгониҳоро ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ барои мудофиаи давлат омода кардани шумораи бештари ҷавонон гуфт.
“Ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст”, - изҳор дошта буд раисиҷумҳури Тоҷикистон.