ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Ҳавопаймои дуюми нерӯҳои ҳавоии Олмон аз Кобул ба Тошканд парвоз кард, шумораи мусофирони он то ҳол маълум нест. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба нашри Bild хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, киштии ҳавоии Lu4twaffe A400M пас аз таъхир бо сабаби талошҳо барои "пешгирӣ аз вазъияти бесарусомонӣ, ки рӯзи душанбе рух дод" аз Кобул ба самти Тошканд парвоз кард.
Рӯзи душанбе дар фурудгоҳи Кобул, бинобар парвозҳои зиёд ва нишастани чархболҳо, ки кормандони намояндагиҳои дипломатӣ буданд, бесарусомонӣ ҳукмронӣ буд,
Сокинони маҳаллӣ бо мақсади тарки Афғонистон ба фурудгоҳ омада, на танҳо ба бино, балки ба ҳавопаймоҳо ҳамла карданд.
Пештар Вазорати умури хориҷии Олмон шаби сешанбе аз Кобул дар бораи кӯчонидани 7 нафар хабар дод.
Онҳо дар киштии ҳавоии Олмон парвоз карданд. Ба навиштаи Bild, сухан дар бораи панҷ шаҳрванди Олмон (ду нафари онҳо душаҳрвандӣ доранд), як шаҳрванди Ҳолланд ва як "корманди маҳаллӣ", зоҳиран шаҳрванди Афғонистон меравад.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Олмон N24, ҳавопаймоҳои Амрико ва Бритониё аз Кобул пур аз мусофир, парвоз мекунанд.
Тибқи иттилои шабакаи телевизионӣ, ба ҳавопаймои Олмон шабона ним соат вақт дода шуд, то дар фурудгоҳи Кобул бимонад ва дар ин муддат дипломатҳои олмонӣ наметавонистанд қисми зиёди мусофиронро бор кунанд, чун амниятро ҳеҷ кас таъмин намекард.
Вазири умури хориҷии Олмон Ҳайко Маас қаблан гуфта буд, ки ҳукумати Олмон ният дорад "тамоми кӯшишро ба харҷ диҳад, то шумораи ҳарчӣ бештари мардумро аз Афғонистон берун кунад".