Бонки нави давлатӣ филиалҳояшро дар навоҳӣ ифтитоҳ мекунад: нахустинаш дар Хуҷанд

Бонки нави давлатии "Саноатсодиротбонк" ба ифтитоҳи намояндагиҳояш дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оғоз кардаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Нахустин филиалҳои бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардид.
Тибқи иттилои шаҳрдории Хуҷанд, ҳадаф аз таъсиси филиали бонк боз ҳам бештар дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ дар манотиқи гуногуни кишвар, бахсус вилояти Суғд мебошад, ки яке аз минтақаҳои бузурги рушди саноат ва содирот дар ҷумҳурист.
Манбаъ афзуд, ки "Саноатсодиротбонк" фаъолияташро барои дастгирии соҳибкорони истеҳсолии кишвар равона намуда, то ҳол барои 223 соҳибкор беш аз 326 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намудааст. Таъкид шудаст, ки дар миёни онҳо соҳибкорони фаъол низ дар вилояти Суғд кам нестанд.
Иттилоъ дода шуд, ки Бонк дар айни замон ба қарздиҳии субектҳои соҳибкорие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротнигаронидашуда машғул ҳастанд, афзалият дода, қарзҳоро бо фоизи нисбатан пасттар пешниҳод намуда истодааст.
Қарори Ҳукумат: бонки нави ССБ ба ҷои “Агроинвестбонк” омаду пулаш 2 баробар зиёд шуд
Ин дар ҳолест, ки бо қарори Ҳукумат, ки моҳи июни соли равон равон имзо шуд, сармояи оинномавии “Саноатсодиротбонк” қариб ду баробар - аз 200 миллион сомонии қаблӣ то ба 380 миллион сомонӣ расонда шуд.
“Саноатсодиротбонк”, ки соли гузашта дар заминаи Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфту мақари асосиаш дар маркази Душанбе - кӯчаи Теҳрон 21 буд, ба хиёбони Саъдӣ Шерозӣ ба ҷои “Агроинвестбонк” кӯчидаст.
Ҳукумати Тоҷикистон таъкид намудааст, ки раёсати бонки мазкур масъули муайянсозии самтҳои асосии фаъолияти он буда, татбиқи онро назорат мебарад.