Маълум шуд, кай аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон анҷом меёбад

Мақомоти ду кишвар рӯзи анҷоми аломатгузории марзро эълон карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи анҷоми амломатгузорӣ дар марзи ду кишварро баррасӣ мекунанд.
Вохӯрии гурӯҳҳои кории ду давлат аз 24 то 29 авгутс дар Душанбе баргузор мешавад.
Дар доираи ин дидор, ҷонибҳо аломатгузории ниҳоии марз ва насб кардани сутунҳоро баҳс мекунанд.
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Аз дӯстии абадӣ ва осонсозии ҳаракат то аломатгузории марз: 26 созиши Раҳмону Мирзиёев
Мақомот ба намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, картографҳо, тадқиқотчиён ва дигар мутахассисон супориш доданд, ки корро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ то охири соли 2021 ба анҷом расонанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи делимитатсияи марз, ҳанӯз соли 2019 ба мувофиқа расида буданд ва як сол пеш созишномаи байни кишварҳо дар бораи қитъаҳои муайяни марзии ду кишвар имзо шуда буд.
Хоҷазода: ҳамагӣ ҳафт километри марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон аломатгузорӣ нашудааст
Ҷаласаи қаблии гурӯҳҳои корӣ охири моҳи май дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Он вохӯрӣ қариб як ҳафта давом кард.
Дарозии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332 километр аст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тақрибан 20% сарҳади давлатӣ тақсимнашуда боқӣ монд.