Ӯзбекистон ҳавопаймои низомии Афғонистонро зимни марзшиканӣ зад

Ҳавопаймои Афғонистон зимни убури марзи Ӯзбекистон ҳадафи зарба қарор гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ҳадафи зарбаи нерӯҳои мудофиаи ҳавоии Ӯзбекистон қарор гирифтааст, хабар дод РИА Новости бо такя ба Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон.
Ин зарба дар пайи қасди ҳавопаймо барои убури марзи Ӯзбекистон андешида шуд.
"Дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё нерӯҳои мудофиаи ҳавоӣ аз қасди убури ғайриқонунии марз аз сӯи ҳавопаймоии низомии Афғонистон ҷилавгирӣ намуданд", - хабар доданд дар ин ниҳод.
Низомиёни афғон ба хоки Тоҷикистон фуруд омаданд
Қаблан аз суқути ҳавопаймои ҳамлагари A-29 Super Tucano дар марз бо Афғонистон хабар дода шуд. Дар шабакаҳо наворҳо аз ҷои ҳодиса нашр шуданд, ки дар он шикастапораҳои ҳавопаймо ва халабонҳо сабт шудаанд. Ба халабонҳои маҷруҳ кумаки тиббӣ расонда шуда, ду нафарашон дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Толибон* қисмати калони Афғонистон, аз ҷумла Кобулро ишғол карданд ва раисиҷумҳури пешини он Ашраф Ғанӣ фирор намуд. Гуфта мешавад, ки Ғанӣ ба Оман фирор кардааст, аммо расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.