Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Сафорати Русия: Ашраф Ғанӣ бо чаҳор мутари пур аз пул фирор кард

Сафорати Русия дар Кобул мегӯяд, ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон бо мутарҳои пур аз пул кишварро тарк кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Сухангӯи намояндагии дипломатии Русия Никита Ишенко ба Sputnik Афғонистон хабар додааст, ки Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури пешини ин кишвар, бо мутарҳои пур аз пул аз Кобул фирор кард ва он чизеро, ки онҳо натавонистанд бо худ бибаранд дар фурудгоҳ партофтанд.
Ин гӯётарин шакле аз наҳваи фирори Ғанӣ аз Афғонистон аст, ки фурупошии давлатро нишон медиҳад.
Гуфта мешавад, ки чаҳор мошини пур аз пулро ба фурудгоҳ бурданд, онҳо кӯшиш карданд, ки боқимондаи пулро бо чархбол бубаранд, аммо ҳама чиз тибқи нақша сурат нагирифт.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон омадани Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистонро рад кард
Никита Ишенко, сухангӯи намояндагии дипломатии Русия гуфт: "Як қисми пулҳо дар саҳни фурудгоҳ боқӣ монд.
Бо пешравии Толибон ба шаҳрҳои бузург, вазъ дар Афғонистон дар ҳафтаҳои ахир бадтар шудааст. Расонаҳо ва манбаъҳо мегӯянд, ҷангҷӯён тамоми гузаргоҳҳои марзиро зери назорати худ гирифтанд.
Ҳангоми вуруд ба Кобул Толибон дар давоми рӯз эълон карданд, ки қасри раисҷумҳурро таҳти назорати худ гирифтаанд.