Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки гуруҳе дар талоши фирор аз Афғонистон ба ҳавопаймои низомие мечаспанд. Дар навори дигар ҳавопаймо нишон дода мешавад, ки зимни баланд шудан аз фурудгоҳи Кобул аз баданаи он чизе меафтад. Расонаҳои маҳаллӣ мегӯянд, инҳо афроде мебошанд, ки бо қасди тарки Афғонистон ба бадани ҳавопаймо часпида буданд.
Дар мавриди шумораи дақиқи қурбониён феълан иттилое нест.
Феълан фурудгоҳи Кобул ягона роҳ ба берун аз қаламрави Афғонистон гуфта мешавад, ки дар тасарруфи Толибон* нест. Афроди зиёде барои берун шудан аз Афғонистон ба фурудгоҳ ҳозир шуда, беназмие дар кори фурудгоҳро эҷод кардаанд, гузориш медиҳанд расонаҳо.
Теъдоди ҷамъомадагон дар фурудгоҳи Кобул феълан беш аз 2 ҳазор нафар гуфта мешавад. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки ҳадди ақал панҷ нафар дар пайи танбашавию тирпаронӣ дар фурудгоҳ ба ҳалокат расидаанд.
* - Ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон, Русия ва чанд кишвари дигар мамнӯъ аст.