Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Афғонистон дар дасти Толибон*: ҳозир чӣ рух дода истодаст

Ҷангиёни Толибон* мегӯянд, вазъ дар Афғонистон ором аст, аммо майдони асосии ҳавоии Кобул феълан пури одамони дар ҳоли фирор буда, гоҳо дар ин ҷо тирпаронӣ рух медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон ором мебошад, хабар додааст Reuters бо такя ба намояндагони созмони мамнӯи Толибон*.
Ба иттилои ҷангиёни Толибон*, хабаре дар бораи даргириҳо ба онҳо нарасидааст.
"Вазъият муътадил аст, тавре мо маълумот дорем", - таъкид намудаст намояндаи Толибон*
Манбаъ таъкид кардааст, Толибон* дастур гирифтаанд, ки "ҳаёт, моликият ва шаъну шарафи афғонҳоро ҳимоят кунанд".
Исмоил Хон “Амири Ҳирот” ба шаҳри Машҳади Эрон рафт
Қаблан расонаҳо иттилоъ доданд, ки тамоми гузаргоҳҳои марзӣ ва шаҳрҳои бузург ба дасти Толибон* гузаштанд. Ҷангиёни ин созмон вориди Кобул ва Кохи раисиҷумҳур шуданд.
Ашраф Ғанӣ аз мақоми раисиҷумҳури Афғонистон истеъфо доду кишварро тарк намуд.
Манобеъ менависанд, дар пайи вуруди Толибон* ба Кобул дар шаҳр тарсу ваҳм фарогир шуд. Бисёриҳо қасди тарки пойтахт карданд ва феълан ин кор танҳо тариқи фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳомид Карзай имконпазир аст. Қаблан парвозҳои тиҷорӣ дар ин майдони ҳавоӣ қатъ карда шуданд.
Феълан аз бенизомиҳо дар фурудгоҳ хабар дода мешавад, ки нерӯҳои ИМА сӯи афроде, ки тарафи хатти парвозу фуруд медавиданд, тир холӣ намуданд ва чанд нафар ба ҳалокат расидааст.
Фурудгоҳ пури одам аст, ки талош доранд бо ҳавопаймо тарки кишвар намоянд. Бархе аз кишварҳо тахлияи дипломатҳояшонро аз Кобул идома дода истодаанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар