Муроҷиати Ашраф Ғанӣ ба мардуми Афғонистон бо забонҳои форсӣ ва пашту - видео

Дар пасманзари сарусадо дар бораи эҳтимоли истеъфои қарибулвуқӯи Ашраф Ғанӣ аз мақоми раисиҷумҳури Афғонистон, ӯ бо як паёми нимафорсию нимапушту ба мардуми кишвараш муроҷиат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Дар ҳоле ки медонам, аз ҳол ва ояндаатон нигарон ҳастед, бароятон итминон медиҳам, ки ба унвони раисиҷумҳуратон тамаркузи ман бар ин аст, то аз густариши бештари бесуботӣ, хушунат ва оворагии мардумам ҷилавгирӣ кунам, изҳор дошт Ашраф Ғанӣ дар хитоб ба мардуми Афғонистон.
Бар асоси муроҷиатномаи ҷадиди Ғанӣ, ки имрӯз нашр гардид, ӯ гуфт, ба унвони як рисолати таърихӣ талош мекунад, ки нагузорад ҷанги таҳмилшуда бар мардуми Афғонистон бештар аз ҳозир боиси куштори мардуми бегуноҳ, аз даст рафтани дастовардҳои 20-cола, тахриби таъсисоти омма ва бесуботии давомдор шавад.

“Ба ҳамин далел машваратҳои густурдаро дар дохили давлат, бо бузургону роҳбарони сиёсӣ, намояндагони қишрҳои мухталифи мардуми Афғонистон ва ҳамкорони байналмилалиамон оғоз кардам. Машваратҳо дар ин робита босуръат ҷараён дорад, натоиҷи он бо шумо ҳамватанони азизам шарик хоҳад шуд”, - омадааст дар муроҷиатномаи Ғанӣ.

Ин муроҷиат ва суҳбати Ғанӣ аз рисолати таърихияш дар ҳолест, ки рӯзҳои охир сарусадо дар мавриди эҳтимоли истеъфояш зиёд паҳн шудаанд. Аммо ӯ дар муроҷиатномааш таъкид ба талошҳо ба ҳайси раисиҷумҳур мекунад.
Ғаниро бархе дар пешрафти Толибон* ва шикасти нерӯҳои ҳукуматӣ айбдор медонанд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ моҳҳои охир ҷангиёни Толибон* қисми бештари қаламрави Афғонистон, аз ҷумла дар шимол ва шимолу шарқро ба тасарруфи худ дароварданд.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар