ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Роҳбарияти Сафорати ИМА дар Афғонистон ба кормандон дастур додааст, ки маводи махфӣ, инчунин ашёҳоеро, ки Толибон* метавонанд барои мақсадҳои худ истифода баранд, нобуд кунанд.
Дар ин бора CNN бо истинод ба як манбаи дипломатӣ хабар дод.
Дар макола кайд карда мешавад, ки ин қарор дар робита ба наздик шудани Толибон* ба пойтахт вобаста аст.
Ба гуфти ҳамсӯҳбати нашрия, эҳтимол аст, ки Кобул дар давоми як ҳафта муҳосира шавад.
Ин манбаъ инчунин вазъро дар шаҳр бениҳоят муташанниҷ арзёбӣ кард ва афзуд, ки нақшаҳои намояндагии дипломатӣ пайваста тағйир меёбанд.
Бояд гуфт, рӯзи 13 август РИА Новости аз наздик шудани Толибон* ба пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул хабар дод. Гуфта шуд, ки ҷангиён 50 километр дуртар аз пойтахт қарор доранд.
Онҳо ноқилҳои барқиро канда ва пойтахтро бидуни барқ дар инзивоъ қарор доданд.
Дар Афғонистон муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон*, ки моҳҳои ахир дар саросари кишвар қаламравҳои назаррасро ишғол кардаанд, чанд сол боз идома дорад.
Вазъият дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шадид шуд. Вазорати умури хориҷии Русия ин тасмимро эътирофи нокомии миссияи Амрико дар Афғонистон номид.
* -Ташкилоти террористӣ дар Русия мамнӯъ аст.