Боздошти ҷавонзан барои говдуздӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавонзан бо иттиҳоми дуздидани чорвои калони шохдор боздошт кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Маъмурини милиса зани 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Аштро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир кардаанд, хабар дод ВУД Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, муттаҳам 5-уми августи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди хоҷагии деҳқонии "Шарифҷон", воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи мазкур 1 сар чорвои калони шохдорро дуздидааст. Таъкид шудааст, ки чорво ба марди 38-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ашт тааллуқ дошта, зарари расонда ба соҳибмулк 3 ҳазор сомонӣ арзёбӣ шудааст.
Маъмурин инчунин ҷавони 22-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро, ки пеш бо моддаи 244 - и Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, бо гумони содир намудани дуздӣ дастгир карданд.
Дуздӣ аз дохили корхона: боздошти анборчии ширкати “Ноқили талко”
Ҷавон дар он муттаҳам мешавад, ки 5-уми августи соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппа даромада, 3 адад телефон ба маблағи беш аз 5 ҳазор сомониро дуздидааст.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки алайҳи муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Назари бевоситаи гумонбарон дар мавриди иттиҳоми мақомот феълан маълум нест.