ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. 26 қирғизистонӣ, ки иштирокчиёни занозании оммавӣ дар назди истгоҳи метрои "Кузьминки" - и Маскав буданд, аз Русия ихроҷ шуданд, хабар медиҳад Vesti.Ru.
Рӯзи 13 август онҳоро бо завлона аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба Қирғизистон фиристоданд.
Як парвоз ба Ӯш, дуввумӣ ба Бишкек парвоз кард.
Вуруди муҳоҷирон ба Русия барои 40 сол манъ карда шуд. Дар маҷмӯъ, пас аз занозании оммавӣ беш аз сад нафар - шаҳрвандони чор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ боздошт шуданд.
Онҳо ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва меъёрҳои маҳдудкунандаи давраи ҳамагирии коронавирус, айбдор карда мешаванд.
Тибқи қарори додгоҳ, муҳоҷирон дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, интизори рафтан ба ватанашон ҳастанд.
Рӯзи 16 июл Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод, ки аз рӯи далели занозании оммавӣ дар назди истгоҳи метрои "Кузьминки" 102 нафар, аз ҷумла 71 шаҳрванди Қирғизистон боздошт шудаанд.
Додгоҳ 102 маводро баррасӣ карданду ҳабси маъмурӣ ба муддати 15 рӯз сурат гирифт. Мақомоти пойтахти Русия ин ҷангро як ҳолати фавқулодда арзёбӣ карданд.