Суқути боз ду шаҳри бузурги Афғонистон ба дасти Толибон*

Ишғоли шаҳрҳову вилоятҳои Афғонистон аз сӯи ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* идома доранд: артиши кишвар тамоми таҷҳизоту силоҳро ба дасти Толибон* гузошта аз майдони ҷанг фирор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Шаби гузашта ҷонибдорони ҷунбиши тундгарои Толибон*, ду шаҳри бузурги Афғонистонро таҳти назорати худ гирифтанд, иттилоъ додааст Associated Press ва AFP.
Ҳамин тариқ, ҷангҷӯёни Толибон* Қандаҳор, маркази вилояти ҳамномро зери назорати худ гирифтанд. Ба иттилои АP, мақомоти маҳаллӣ барои тарк кардани шаҳр ба фурудгоҳ фирор кардаанд. Баъзе аз низомиён ба ҷангҷӯёни Толиб* таслим шуданд. Силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва мошинҳои мондашуда ба дасти Толибон уфтоданд.
Худи ҷангҷӯён дар шабакаҳои иҷтимоӣ забти Қандаҳорро эълон карданд.
Сухангӯи Толибон* гуфт: "Дуввумин шаҳри бузурги кишвар Қандаҳор низ зери контроли Аморати исломӣ аст".
Вазири хориҷаи Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост ба Толибон* фишор биёранд
Дар ҳоли ҳозир, ҷангҷӯён идораи волӣ, ситоди нерӯҳои амниятӣ ва дигар ниҳодҳои муҳимро таҳти назорати худ гирифтанд.
Илова бар ин, ҷангҷӯён аз забти пойтахти вилояти Ҳилманди Афғонистон шаҳри Лашкаргоҳ низ хабар доданд.
Як мақоми амниятӣ гуфт: "Шаҳр суқут кард. Дар бораи оташбаси 48-соата ва баровардани артиш ва мансабдорон ин минтақа созиш ҳосил шуд".
Ҷангҷӯён иддао доранд, ки онҳо иншооти шаҳрро, ки қаблан дар ихтиёри мақомот буданд, забт кардаанд.
Афғонистон ва қудратҳои ҷаҳонӣ бо Толибон* дар Доҳа гуфтушунид мекунанд
Толибон* гуфтанд, ки аз охири ҳафтаи гузашта ҷангҷӯён даҳ марказҳои маъмурӣ аз 34 музофотро ишғол карданд. Аз ҷумла онҳо шаҳрҳои Заранҷ, Пули Хумрӣ, Ғазнӣ ва инчунин Қундузро, ки дар 60 километрии наздикии марзи Тоҷикистон аст, таҳти контроли худ гирифтанд.
Мақомоти Афғонистон иддао доранд, ки бархе аз шаҳрҳоро дубора бозпас гирифта шудааст, вале даргириҳо то имрӯз идома доранд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.