ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Номаи Сироҷиддин Муҳриддинро сафири Тоҷикистон дар Эрон, Низомиддин Зоҳидӣ ба Ҳодии Сулаймонпур расондааст, хабар дод дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ.
Манбаъ зикр кард, ки маъмурияти Ҳодии Сулаймонпур дар вазифаи дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ 15 августи соли ҷорӣ ба анҷом мерасад. Вазири тоҷик ба ин муносибат саҳми Ҳодии Сулаймонпурро дар вазифаи мазкур пурсамар арзёбӣ намуда, ба ӯ дар фаъолиятҳои минбаъдааш муваффақиятҳои беш аз пеш орзу намудааст.
Ҳодии Сулаймонпур дар навбати худ мардуму роҳбарияти Тоҷикистонро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфтааст. Ӯ инчунин ба Зоҳидӣ тасдиқномаи пойтахти сайёҳии СҲИ эълон гардидани шаҳри Душанбе барои солҳои 2020 - 2021-ро супоридааст, то ба шаҳрдории Душанбе расонад.
Ҷойгузини Ҳодии Сулаймонпур дар мақоми дабири кулли СҲИ Хусрав Нозирӣ хоҳад шуд, ки ахиран аз вазифаи муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ гардид.
Хусрав Нозирӣ қарори Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба мақоми Дабири кулли СҲИ таъйин гардид. Хусрав Нозирии 54 – сола хатмкардаи факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар мақомҳои сафир дар Миср, Африқои ҷанубӣ, Эфиопия, подшоҳии Марокаш кор кардааст.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ – СҲИ, ки Нозирӣ ба мақоми дабири кулли он таъйин шудааст, соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шудааст.
Соли 1992 ҳафт кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, узви СҲИ шудаанд. Санаи 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида рӯзи СҲИ эълон гардид.
Ба итилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, кишварҳои узви СҲИ имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд, ки барои амалисозии он ҳамкориҳоро таҳким мебахшанд.