Шералӣ Мирзо аз чӣ пурсон шуд: мулоқоти раиси вилояти Суғд бо вазири дифои Тоҷикистон

Ахиран дар вилояти Суғд ҷаласаи кории Раиси вилоят бо роҳбарони минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 август - Sputnik. Дар бинои Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят, сардори Минтақаи мудофиаи ҳудудии №3, ҳамчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҳамзамон роҳбарони минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва комиссарони ҳарбӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, чунин ҷаласаҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ сурат гирифт ва масъулин тавассути видеоконфронс миёни ҳам мубодилаи афкор намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо оид ба ҳолати омодабошии захираҳои сафарбарӣ ва раванди омодагиҳо ба маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ маълумот дод.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Толибзода раиси идораи замин таъйин шуд
Ёдовар мешавем, ки ахиран бо фармони Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони “Марз-2021” баргузор гардида буд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар он чорабинӣ дар вилояти Суғд 28 ҳазору 340 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин 2 ҳазору 747 нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омада ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.