ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Додситонии ноҳияи Рӯшон алайҳи роҳбари идораи "Тоҷиксуғурта" ва сармуҳосиби он бар асоси моддаҳои моддаҳои 323 - сохтакории хизматӣ ва 245 - азонихудкунӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, ба додгоҳ ирсол намудааст.
Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, муайян шудааст, ки мудири "Тоҷиксуғурта" дар ноҳияи Рӯшон бо роҳи сохтакорӣ аз 4 январи соли 2018 фармонаш шавҳарашро ба вазифаи нозир қабул кардааст. Таъкид шудааст, ки таъйини шавҳар ба вазифаи нозир ғайриқонунӣ ба расмият дароварда шудаст, аммо амалан зиёда аз 2 сол дар ин вазифа фаъолият накардааст.
Тавзеҳ дода шудааст, ки тариқи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби КВД “Тоҷиксуғурта” дар ноҳияи Рӯшон аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи ноябри соли 2020 ҳармоҳа ҳамчун маош ва дигар кумакпуливу хароҷот бе иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба суратҳисоби шавҳари мудир 15 ҳазору 882 сомонӣ гузаронида шудааст.
Додситонӣ таъкид намуд, ки дар рафти тафтиш зарари расонда ба давлат пурра барқарор шуда, парвандаи ҷиноӣ ба суд ирсол гардидааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки бо қарори додгоҳ муттаҳамон маҳкум шудаанд, аммо чӣ ҷазо гирифтанашовар зикр нагардидааст.
Назари бевоситаи маҳкумшудаҳо дар бораи иттиҳоми эълонкарда маълум нест.