ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар рафти мулоқот тарафҳо вобаста ба сафари дарпешистодаи сарвазири Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон, ки дар назар аст сафари мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ сурат гирад, гуфтугӯ намуданд.
Ҳамзамон зимни мулоқот масъалаҳои баргузор намудани ҷаласаи навбатии Шӯрои муштараки кории Тоҷикистону Покистон ва ташкили Бизнес-форум миёни соҳибкорони ҳарду кишвар дар доираи сафари зикргардида, мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуданд.
Инчунин, зимни вохӯрии мазкур, тарафҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистон Покистон мубодилаи афкор намудаанд.
Таъкид гардидааст, ки барои мусоидат намудан дар тақвияти ҳамкориҳо ва зич намудани иртиботҳо миёни соҳибкорону сармоягузорони кишварҳои якдигар ва иштироки фаъолонаи ширкату корхонаҳои ҳарду ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави кишварҳои якдигар баргузоршаванда, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.