ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Тоҷикистон нахустин бастаҳои ваксина бар зидди коронавирус “Спутник V”-и сохти Русияро, дастрас намуд. Ҳавопаймои Вазоати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия субҳи рӯзи 13 август, ба фурудгоҳи Душанбе фуруд омад.
Ба Тоҷикистон 50 ҳазор вояи “Спутник V” ҳамчун кумаки башардӯстона ворид карда шуд. Ваксинаро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар супурданд.
Ҳоло маълум нест, ки ваксинаи русӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна тақсим меёбад ва дар куҷо сокинон метавонанд аз ваксинаи сохти Русия тазриқ шаванд.
Ваксинаи “Спунтик V”-ро дар Тоҷикистон дер боз интизор буданд. Бисёриҳо дигар ваксинаро мегирифтанду умедвор буданд, ки ваксинаи сохти Русия ба наздикӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Шаҳрвандон “Спутник V”-ро нисбат ба дигар ваксинаҳо бехатартар медонанд.
Пеш аз ин, танҳо сокинони сарватманди кишвар метавонистанд бо ин ваксина дастрасӣ дошта бошанд. Ваксина танҳо бо як маблағи муайян дастрас буд.
Омӯзиши "Спутник V" дар Тоҷикистон дар авоили соли 2021 оғоз шуд. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Русия Владимир Путин дар бораи интиқоли ройгони ваксина ба мувофиқа расида буданд.
Ҳоло дар Тоҷикистон метавон ба таври ройгон бар зидди коронавирус аз ваксинаҳои AstraZeneca-и Англия-Шветсия, CoronaVac-и Чин ва Moderna-и Амрико истифода кард.
Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 миллион нафар ваксин гирифтаанд.