ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Забт шудани Қандаҳор аз ҷониби Толибон* маънои онро надорад, ки онҳо омодаанд пойтахти Афғонистонро забт кунанд, мегӯяд, Замир Кабулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири шӯъбаи дуввуми Осиё дар Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, Толибон* дар ҳолати ишғоли пойтахт нестанд.
"Гирифтани Қандаҳор ҳеҷ чизро намекушояд", - гуфт Кабулов дар посух ба суоли ин ки оё забти Қандаҳор, дуввумин шаҳри бузурги Афғонистон маънои онро дорад, ки роҳи сӯи пойтахт барои Толибон боз шудааст.
Ба гуфтаи дипломат, музокироти сулҳ дар Афғонистон "ин ё он тарз хоҳад буд", зеро "Толибон* наметавонанд ва ҳанӯз Кобулро нагирифтаанд."
Ин суханон дар ҳоле садо медиҳанд, ки рӯзҳои охир гурӯҳи ҷангиёни Толибон* теъдоди зиёди вилоятҳои Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд.
Дирӯз Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* иддао кард, ки ин гуруҳ шаҳри Қандаҳор, маркази вилояти Қандаҳорро пурра таҳти назорат гирифтаанд. Вай гуфт, ки нерӯҳои ин гурӯҳ ба майдони Шаҳидони қисми марказии шаҳр расидаанд.
Қаблан мақомоти баландпояи амрикоӣ гуфта буданд, ки агар равиши Толибон* ҳамин қисм идома кунад, онҳо давоми аз 1 то се моҳ идораи пурраи Афғонистонро зери назорати худ хоҳанд даровард.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.