ДУШАНБЕ, 13 авг – Sputnik. Тоҷикистон консулгариҳои худро дар бархе аз шаҳрҳои Афғонистон мебандад. Дар ин бора аз Вазорати корщои хориыии кишвар дар сущбат бо дар суҳбат бо РИА Новости гуфта шудааст.
Ҳамин тариқ, намояндагиҳои Тоҷикистон дар Мазори Шариф, Файзобод ва дар вилояти Бадахшон фаъолияташонро муваққатан қатъ мекунанд.
Чунин чораҳо дар робита ба муноқишаи мусаллаҳона байни артиши Афғонистон ва ҳаракати радикалии Толибон*, андешида шудаанд.
"Мо маҷбурем консулгариҳои худро дар Мазори Шариф, Файзобод ва Бадахшон бинобар рӯйдодҳои ахири Афғонистон, бо сабабҳои амниятӣ бандем",-гуфтанд дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Илова бар ин, вазорат хабари баъзе расонаҳоро дар бораи боздоштани додани раводиди Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон рад кард.
Ба гуфти намояндаи раёсат, консулгарии ҷумҳурӣ дар Кобул корашро идома медиҳад ва дар онҷо ҳуҷҷатҳои лозимаро гирифтан мумкин аст.
Эрон низ намояндагии худро аз Мазори Шариф ба пойтахт кӯчонд. Қаблан танҳо дар ин шаҳр ҳафт консулгарии хориҷӣ баста шуд. Намояндагии Ӯзбекистон корашро идома дод, аммо додани раводидро қатъ кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми забти Мазори Шариф аз ҷониби Толибон* дар соли 1998 - 11 дипломати хориҷӣ ва як хабарнигори эронӣ кушта шуданд.
Ва соли 2016 дар ин шаҳр дар назди консулгарии Олмон таркиш ба амал омад, ки ҷони 6 нафарро гирифт. Ҳамзамон 120 шаҳрванд маҷрӯҳ шуданд.