ДУШАНБЕ, 13 август - Спутник. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мӯътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфтаанд.
Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки дар манотиқи марзӣ ҷамъшавии паноҳандагони афғон вуҷуд надорад. Ба гуфтаи мақомот, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ гуна нигаронӣ вуҷуд надорад.
"Ҳоло вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мӯътадил аст ва ҳеҷ нигаронӣ вуҷуд надорад: ҳеҷ гуна таҳдид ба амният, ҷамъшавии паноҳандагон ва талоши убур аз марз вуҷуд надорад",- таъкид кардааст Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Ҳамсуҳбат расона қайд кардааст, ки аъзои ҳаракати радикалии Толибон, ки фаъолияташ дар Русия мамнӯъ аст, беш аз 80% ҳудуди марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд.
Ба гуфтаи намояндаи КДАМ, ин қаламрав барои ҷангиён муҳим аст, аз ин рӯ онҳо қариб ҳамаи нерӯҳои асосиро ба шимоли Афғонистон кашиданд.
Ёдовар мешавем, ки аз охири ҳафтаи гузашта толибҳо марказҳои маъмурии беш аз даҳ музофоти 34 вилоят, аз ҷумла шаҳрҳои Қандаҳор, Ҳирот, Заранҷ, Пули Хумрӣ, Ғазнӣ ва инчунин Қундузро, ки дар 60-километрии минтақаи наздиктарин гузаргоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистонанд тасарруф карданд