Беш аз як тонна маводи нашъадор дар Душанбе нобуд карда шуд

Ин миқдор маводи нашъадор аз ҷониби кормандони ВКД аз аввали сол то кунун, дар паи амалиётҳои вижа мусодира шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе беш аз 1 тонна маводи нашъадор бо роҳи сӯзонидан, нест карда шуд, хабар медиҳад ВКД.
Дар доираи барномаи вижаи нобудкунӣ, аз ҷумла, 34 кг 390 гр героин, 214 кг 563 гр афюн, 605 кг 483 гр бангдона, 272 кг 504 гр ҳашиш ва дигар намуди моддаҳои нашъадор сӯзонида нест карда шуданд.
Дар баробари ин, дар чорабинии мазкур ҳабҳои нашъадори синтетикӣ низ маҳв карда шуданд.
КДАМ вакили қирғизро дар қочоқи нашъа аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон айбдор кард - акс
"216гр, “Амфетамин”, 1 кг 971 “Метамфитамин”, 1кг 946 гр “Метадон”, 1кг 127 гр “Алпразолам” тариқи сӯзонидан нест карда шуданд", - омадааст дар хабарнома.
ВКД мегӯяд, маводи нашъадори сӯзонидашуда, он далелҳои шайъие буданд, ки аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоб мусодира гардидаву нисбаташон ҳукми суд содир гардидааст.
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Эълони ном ва ҷазои се мақомдори баландпояи гумрук барои қочоқи 90 кило тилло
Ин ниҳод афзуда, ки солҳои охир милитсия муборизаро алайҳи роҳҳои муосири истифодаи маводи мухаддир пурзӯр намуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳазорҳо дона ҳабҳои нашъадори синтетикӣ, ки истеъмоли он ба ҳаёту саломатии одамон таҳдид мекунад, дарёфт ва мусодира менамоянд.